?>

Мубориза бо фасод, меҳвари аслии амалкарди қувваи қазоияи Эрон

Мубориза бо фасод, меҳвари аслии амалкарди қувваи қазоияи Эрон

Раиси пешини қувваи қазоияи Эрон гуфт: Мубориза бо фасод ва ҳимоят аз тавлид аз меҳварҳои аслии амалкарди қувваи қазоия аст.

ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳуҷҷатулислом валмуслимин Саидиброҳими Раисӣ рӯзи душанбе дар маросими хайрбод ва муорифаи раиси ҷадиди қувваи қазоияи Эрон изҳор дошт: Дастгоҳи қазоӣ дар бистари гоми дуввум ниёз ба таҳаввуле дошт ва ин таҳаввул ҳам дар санаде, ки таҳия шуда, дида шудааст ва Иншоаллоҳ ин санад ҳар сол иртиқо пайдо кунад ва ба инҷое, ки алон ҳаст, басанда нашавад.

Раиси пешини қувваи қазоияи Эрон хотирнишон кард: Талоши ман дар ин муддат ин буда, ки таҳаққуқи мавориди ҳаштгонае, ки мақоми муаззами раҳбарӣ дар иблоғ фармудандро бо ҳамкорони азиз дунбол карда ва талош кунем ончи, ки аз ваъда ё хоста аст, ба сурати санад дарояд, ки пешорӯи ҳамаи ҳамкорон барои пайгирӣ ва таҳаққуқ бимонад ва талош шуд, ҳаракате барномамеҳвар бошад ва ин ҳаракат ҳамвора метавонад пойдор буда ва тадовум дошта бошад.

Раисӣ баён кард: Бояд аз ҳамаи ниҳодҳо ва дастгоҳҳое, ки бо қувваи қазоия ҳамкор буданд, аз нерӯи интизомӣ, Маҷлиси Шӯрои исломӣ, аз азизоне, ки дар давлат кумак карданд ва аз ниҳодҳои мухталифе, ки бо қувваи қазоия ҳамкор ва ҳамроҳ ҳастанд, қадрдонӣ кунам.

Вай унвон кард: Агар муваффақияте дар қувваи қазоия буда, ки имрӯз мавриди таваҷҷуҳ аст, марбут ба так-таки ҳамкорон аст. Мумкин аст, ман суханеро ба унвони масъул баён кунам, аммо марбут ба иқдомоти так-таки ҳамкорон аст, ки ин ифтихорро рақам заданд. Ин санад марбут ба ҳамаи талошҳоест, ки афроди беному нишон дар дастгоҳи қазо анҷом доданд.

Маросими такрим ва муорифаи руасои қувваи қазоияи Эрон бо ҳузури масъулони лашкарӣ, кишварӣ ва қазоӣ баргузор шуд.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*