?>

Муаррихи амрикоӣ: Нажодпарастӣ дар Амрико бисёр нигаронкунанда аст

Муаррихи амрикоӣ: Нажодпарастӣ дар Амрико бисёр нигаронкунанда аст

Таърихнигори амрикоӣ гуфт шоҳиди қудрат гирифтани талошҳо барои саркуби озодии мардуми

ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Аннет Гордон Рейд, устоди ҳуқуқ ва торих дар донишгоҳи Ҳарвард ва торихнависи амрикоӣ, ки ба иллати осори шохисаш барандаи ҷоиза Пулитсер шудааст дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизиюнии Си Эн Эн гуфт: Вақте аз мавзӯи нажод дар Амрико сӯҳбат мешавад метавон онро шабиҳи рӯдхона донист, ки як сатҳи рӯ ва як умқ дорад. Дар ҳоли ҳозир, Амрико дар бурҳаи ҷолиби таваҷҷӯҳе қарор дорад, зеро шоҳиди шиддат гирифтани нигаришҳои миллигароёнаи сафедпӯстон ҳастем.

Ин муаррихи амрикоӣ афзуд: Дар зиндагии рӯзмарраи амрикоӣ мебинем, ки мардум бо ин авзоъ  канор омадаанд ва мавзӯи нажод ҳам барҷаста намешавад, аммо дар айни ҳол, мебинем, ки касоне талош мекунанд ба масоили нажодӣ доман бизананд.

Бар асоси охирин назарсанҷии муштараки пойгоҳи хабарии «Axius News» ва муассисаи назарсанҷии «Эйпсус», ҳудуди се панҷуми амрикоиҳо мӯътақиданд таҳаққуқи баробарии сиёҳпӯстон ва сафедпӯстон дар Амрико ба тағироти асосӣ ниёз дорад.

Давлати Байден, ки яке аз шиорҳои аслии он дар сиёсати дохилӣ, муқобила бо нажодпарастии низомманд буд, токунун иқдоми қобили таваҷҷӯҳе дар ин замина анҷом надодааст.

Ҳудуди 60 дарсади ҷамъияти 330 миллионии Амрико, сафедпӯст ҳастанд; аз 40 дарсади боқимонда, 12-у ним-и дарсади сиёҳпӯст ва ҳудуди 19 дарсад  лотинтабор ҳастанд. Ду гурӯҳи ахир, ки дар маҷмўъ, 31 дарсади ҷамъияти Амрикоро ташкил медиҳанд бо табъизҳои шадиду ошкор дар арсаҳои мухталифи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва низ сиёсӣ мувоҷеҳанд.

Ба рағми пешрафти иқтисодии Амрико дар даҳаҳои гузашта, рангинпӯстони ин кишвар шароити бадтареро нисбат ба сафедпӯстон ва ҳатто кулли ҷамъият таҷриба мекунанд. Шикофи даромади солонаи хонаворҳои сиёҳпӯст ва сафедпӯст  29 ҳазор доллар аст.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*