?>

Маросими бузургдошти марҳум оятуллоҳ Софии Гулпойгонӣ аз сӯи Раҳбари муаззами инқилоб

Маросими бузургдошти марҳум оятуллоҳ Софии Гулпойгонӣ аз сӯи Раҳбари муаззами инқилоб

Маросими бузургдошти оятуллоҳилузмо Софии Гулпойгонӣ имшаб (чаҳоршанбе) аз сӯи Раҳбари муаззами инқилоб дар масҷиди имом Ҳасани Аскарӣ (а)-и Қум баргузор мешавад.

ABNA24 – Ба гузориши Дафтари ҳифзу нашри осори ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, маҷлиси тарҳиму бузургдошти марҳум ҳазрати оятуллоҳ Софии Гулпойгонӣ, чаҳоршанбешаб, пас аз намози мағриб ва ишо аз тарафи ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон дар масҷиди имом Ҳасани Аскарӣ алайҳиссаломи шаҳри Қум, ҷануби Теҳрон, баргузор мешавад.

Оятуллоҳ Лутфуллоҳ Софии Гулпойгонӣ аз мароҷеи тақлид дар Қум, шомгоҳи душанбе дори фониро видоъ гуфт.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме бо таслияти даргузашти фақеҳи олимақом ва марҷаи басир, ҳазрати оятуллоҳ Ҳоҷӣ Шайх Лутфуллоҳ Софии Гулпойгонӣ фармуданд: Эшон аз устувонаҳои ҳавзаи илмияи Қум ва аз барҷастагони илмиву амалӣ ва пурсобиқатарин олими динӣ дар он ҳавзаи муборак буданд.

Ҳайати давлати Ҷумҳурии исломии Эрон бо таслияти реҳлати оятуллоҳилузмо Софии Гулпойгонӣ, имрӯз - чаҳоршанберо дар саросари Эрон азои умумӣ ва дар устони Қум таътили расмӣ эълом кард.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*