?>

Кумаки як миллиондолларии USAID ба занони кишоварзи ӯзбак

Кумаки як миллиондолларии USAID ба занони кишоварзи ӯзбак

Мақомоти Ожонси тавсеаи ҷаҳонии Амрико ва Вазорати кишоварзии Узбакистон дар мавриди густариши ҳамкорӣ бо ҳадафи ҳимоят аз тавсеаи кишоварзӣ дар ин кишвар тавофуқ карданд.

ABNA24 : Микаэла Мередит, раиси дафтари Ожонси тавсеаи ҷаҳонии Амрико дар Тошканд ва Ҷамшед Хоҷаев, вазири кишоварзии ин кишвар тафоҳумномае имзо карданд.

Сафоратхонаи Амрико дар Тошканд ҳадаф аз имзои ин тафоҳумномаро тақвияти ҳамкорӣ байни тарафайн дар заминаи тарвиҷи тавсеаи кишоварзӣ аз тариқи пружаи USAID дар заминаи тавсеаи тиҷорати кишоварзӣ унвон кард.

Вазири кишоварзии Узбакистон тарҳи ҷадиди Ожонси тавсеаи ҷаҳонии Амрико дар заминаи тавсеаи тиҷорати кишоварзӣ ба арзиши 18. 9 миллион долларро фурсати олӣ барои тақвияти ибтикороти муштараки ду кишвар хонд.

Дар ин нишасти USAID ҳамчунин аз ҷудо шудани як миллион доллари дигар ба ҳимоят аз занони машғул дар бахши кишоварзии Узбакистон хабар дод.

Ин маблағ барои беҳбуди маҳоратҳои занони рустоӣ дар заминаи фанновариҳои иттилоотӣ ва корофаринӣ, густариши имконоти онҳо барои ифтитоҳи ширкатҳои тиҷорӣ ва касби машоғили тамоми вақт дар ширкатҳои маҳаллӣ ҳазина мешавад.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*