?>

Истиқрори неруҳои ҳофизи сулҳи Тоҷикистон дар бахше аз таъсисоти муҳими Қазоқистон

Истиқрори неруҳои ҳофизи сулҳи Тоҷикистон дар бахше аз таъсисоти муҳими Қазоқистон

Муовини раиси Ситоди муштараки неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон таъкид кард, ки неруҳои ҳофизи суҳли ин кишвар, амнияти фаъолияти марказияти тавлиди гармӣ ва барқи ҳароратии Алмато ва таъсисоти нефтии Қазоқистонро таъмин мекунад.

ABNA24 – Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати дифоъи Тоҷикистон генерал Мировар Миршакар гуфта аст, ки ҳифозат аз ин таъсисоти муҳим бар уҳдаи низомиёни тоҷик аст, ки дар қолаби неруҳои ҳофизи сулҳи Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ба дархости мақомоти Қазоқистон акнун дар ин кишвар мустақар шуданд.

Муовини раиси Ситоди муштараки неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бо ёдоварии ҳузури низомиёни Қазоқистон дар қолаби неруҳои ҳофизи сулҳи ҷомеъаи ҳамсуд дар Тоҷикистон дар солҳои 1992 то 1997 ва дар даврони ҷанги дохилии ин кишвар, кӯмак ба барқарории субот ва амният дар кишвари дӯстро вазифаи низомиёни тоҷик унвон кард.

Аз сӯи дигар эълом шуд, ки дар 10 рӯзи оянда хуруҷи неруҳои ҳофизи сулҳи Созмони паймони амнияти ҷамъӣ аз Қазоқистон дар пайи барқарории субот ва амният дар ин кишвар оғоз мешавад, ки низомиёни тоҷик низ ба кишвари хеш бар мегарданд.

Теъдоди низомиёни тоҷик дар ин маъмурият 200 нафар эълом шуда аст.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*