?>

Истиқболи расмии нахуствазири Ҷопон аз раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон

Истиқболи расмии нахуствазири Ҷопон аз раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон

Нахуствазири Ҷопон рӯзи ҷумъа дар кохи нахуствазирии ин кишвар ба таври расмӣ аз раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон истиқбол кард.

(ABNA24.com) Нахуствазири Ҷопон рӯзи ҷумъа дар кохи нахуствазирии ин кишвар ба таври расмӣ аз раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон истиқбол кард.

Дар ин маросим, ибтидо суруди миллии ду кишвар навохта шуд ва Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Обе Шинзо, нахуствазири Ҷопон аз горди эҳтироми мустақар дар ҷойгоҳи Сон дидан карданд ва пас аз он аъзои ду ҳайат ба раисони ду кишвар муаррифӣ шуданд.

Пас аз маросими истиқболи расмӣ, Рӯҳонӣ ва Шинзо мулоқоти хусусӣ карданд ва музокироти муштараки ҳайатҳои олирутбаи ду кишвар баргузор шуд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳайати ҳамроҳ имшаб ҳамчунин дар зиёфати шоми нахуствазири Ҷопон, ки ба ифтихори Рӯҳонӣ тартиб дода шудааст, ширкат мекунанд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон пеш аз сафар ба Ҷопон, сафари серӯза ба Малайзия дошт. Рӯҳонӣ дар муддати иқомат дар Малайзия, илова бар ҳузур ва суханронӣ дар ҷамъи сарон ва ширкаткунандагони иҷлоси сарони Куала-Лампур ва ҳамчунин мизи гирди “Авлавиятҳои тавсеа ва чолишҳои ҷаҳони Ислом”, бо Моҳотир Муҳаммад, нахуствазири Малайзия ва Султон Абдуллоҳ, подшоҳи ин кишвар, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия ва шайх Тамим бин Ҳамд оли Сонӣ, амири Қатар ба сурати ҷудогона дидор ва гуфтугӯ кард.


/129


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*