?>

Идомаи оташафрӯзӣ ва нақзи оташбаси саудиҳо дар Яман

Идомаи оташафрӯзӣ ва нақзи оташбаси саудиҳо дар Яман

Эътилофи саудӣ бо идомаи таҷовузи низомӣ ба Яман, дар 24 соати гузашта 297 навбат оташбас дар устони Ал Ҳудайда воқеъ дар ғарби ин кишварро нақз кардааст.

ABNA24 : Ба гузориши пойгоҳи хабарии Ал Масира, 14 мавриди нақзи оташбас бо парвози ҳавопаймоҳои эътилоф барои бомбаборони хиёбонҳо ва низ 25 мавриди парвози ҳавопаймои ҷосӯсӣ бар фарози хиёбонҳои ин минтақа ишора кард.

Ин манба ҳамчунин, 14маврди ҳамлаи тӯпхонаӣ ва 116 мавриди тирандозиро аз дигар мавориди нақзи оташбас дар Ал Ҳудайда баршумурд.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.

Ҷангафрӯзии Арабистону муттаҳидонаш дар Яман токунӯн ба кушта шудани беш аз 17 ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*