?>

Зас: Дар пайи шиддат ёфтани вазъ дар сарҳад СААД ба Тоҷикистон кӯмак мекунад

Зас: Дар пайи шиддат ёфтани вазъ дар сарҳад СААД ба Тоҷикистон кӯмак мекунад

Ӯ вазъи сарҳади кишварҳои СААД-ро дар маҷмӯъ нигаронкунанда арзёбӣ кард.

ABNA24 : Бино ба иттилои Радиои тоҷикии Садои Хуросон,Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Станислав Зас вазъи сарҳадҳои кишварҳои узви СААД-ро дар маҷмӯъ, нигаронкунанда арзёбӣ кард ва гуфт, ки дар сурати шиддат ёфтани вазъ дар сарҳади Афғонистон онҳо омодаанд, ки ба Тоҷикистон кӯмак, аз ҷумла кӯмаки ҳарбӣ кунанд.

Зас ин суханонро дар пайи ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони дифоъ, умури хориҷӣ ва кумитаҳои дабирони шӯрои амнияти СААД дар Душанбе зикр кард.

  • Зас рӯзи 15-уми сентябр дар поёни ҷаласаи муштарак ба хабарнигорон гуфт, ки  СААД дар бораи вазъи Афғонистон изҳорот қабул кард.
  • - Роҳбарони ҳайатҳо дар маҷмуъ лоиҳаи Эъломияи Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД –ро ба мувофиқа расониданд ва якчанд изҳорот, аз ҷумла Изҳороти муштараки кишварҳои узви СААД «Дар бораи вазъи Афғонистон», Изҳороти вазирони корҳои хориҷиро дар бораи ҳамоҳангсозии кӯшишҳои муштарак дар соҳаи амнияти иттилоотӣ ва мубориза бо кибертерроризм, Изҳороти вазирони корҳои хориҷӣ оид ба талошҳои дастҷамъона барои ҳалли вазъиятҳои буҳронӣ дар Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ ва Изҳороти муштараки вазирони корҳои хориҷӣ «Оид ба тасдиқи уҳдадорӣ ба принсипҳои Оинномаи СММ ва таҳкими ҳамкорӣ барои таъмини риояи қатъии онҳо»-ро ҳамоҳанг намуданд”, - гуфт Зас. 

Зас: СААД ният надорад ба Афғонистон неру фиристад
Ҷаласаи шӯрои вазирони СААД дар Душанбе асосан, вазъи амниятии Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои узви СААД-ро баррасӣ намуд.
Ҳамчунин, қарор қабул карда шуд, ки ҷаласаҳои навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони Шӯрои амнияти СААД нимаи аввали соли 2022 дар Арманистон баргузор шавад.

Дар кори ҷаласаи имрӯза, 15 сентябр намояндагони кишварҳои узви СААД - Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок мекунанд.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*