?>

Дипломати рус: Эрон хостори роҳи ҳал барои эҳёи БарҶом аст, на музокироти тӯлонӣ

Дипломати рус: Эрон хостори роҳи ҳал барои эҳёи БарҶом аст, на музокироти тӯлонӣ

Намояндаи Русия дар Венаи Австрия гуфт: Эрон дар поёни музокирот барои эҳёи БарҶом, хостори роҳи ҳал ва на музокироте тӯлонимуддат аст.

ABNA24 : Михаил Улянов, намояндаи Русия дар созмонҳои байналмилалӣ дар Венаи Австрия дар мусоҳиба бо шабакаи “Аларабия” гуфт: 90 дарсади мавориди ихтилофӣ миёни Эрон ва кишварҳои ғарбӣ дар бораи БарҶом ҳал шудааст.

Вай афзуд: “Ман муътақидам, ки то 20 июн, ки шашумин даври музокироти Вена ба поён расид, 90 дарсади мавориди ихтилофӣ ҳал шуда буд ва ҳудуди 10 дарсад аз ихтилофот боқӣ монда буд, ба ҳамин далел бояд дар зудтарин замони мумкин роҳиҳалҳое барои ихтилофоти боқимонда пайдо шавад”.

Вай дар идома гуфт: “Теҳрон низ мегӯяд, ки дар поёни музокирот хостори роҳи ҳал ва на музокироти тӯлонимуддат аст ва муътақидам, ки тамомии тарафҳои музокиракунанда низ дидгоҳи мушобеҳе дошта бошанд.

То кунун шаш даври музокира дар Вена барои эҳёи БарҶом баргузор шуда, вале ҳанӯз таърихе барои оғози даври ҷадиди музокирот таъйин нашудааст.

Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси ҷумҳурии Эрон ахиран дар тамоси телефонии Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳурии Фаронса эълом кард: Мо бо музокираи муфид мухолифате надорем, аммо барномаву натиҷаи музокира бояд лағви таҳримҳо алайҳи Эрон бошад. Музокира барои музокира бефоида аст.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*