?>

Дидгоҳи раҳбарӣ; Ояндаи Фаластин дар гарави идомаи муқовимат ва ҳимояти ҳамагонӣ

Дидгоҳи раҳбарӣ; Ояндаи Фаластин дар гарави идомаи муқовимат ва ҳимояти ҳамагонӣ

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд: Саҳюнистҳо Фаластини ғасбшударо аз рӯзи аввал ба як пойгоҳи тероризм табдил кардаанд

ABNA24 : Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар суханронии телевизиюнӣ ба муносибати рӯзи ҷаҳонии Қудс таъкид карданд: Исроил на як кишвар, балки як қароргоҳи террористӣ алайҳи миллати Фаластин ва дигар миллатҳои мусулмон аст ва мубориза бо ин режими хунхор,мубориза бо зулм ва мубориза бо тероризм буда ва ин вазифаи ҳамагонӣ аст .

  •  Баёноти Раҳбари Муаззами Инқилоби Исломӣ ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии Қудс

   Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ гуфтанд: Ду омили муҳим таъинкунандаи таҳаввулоти ояндаи Фаластин аст; нахуст ва муҳимтар аз ҳама идомаи муқовимат дар дохили сарзаминҳои Фаластин ва тақвияти хати ҷиҳод ва шаҳодат аст ва дувум ҳимояти ҷаҳонии давлатҳо ва миллатҳои мусулмон дар саросари ҷаҳон аз муҷоҳидони фаластинӣ аст .

Масъалаи Фаластин ва Қудс, яке аз муҳимтарин ва аслитарин масоили ҷаҳони ислом аст ва Ҷумҳӯрии исломии Эрон ҳамвора ва дар ҳар шароите аз ҳуқуқу ормони Фаластин ҳимояти сиёсӣ, маънавӣ ва моддӣ кардааст .

  Эрон ба унвони ҳомии аслии ҳуқуқи фаластиниён  нақши муҳимме дар беш аз чаҳор даҳаи гузашта дар зинда нигаҳ доштани муҳимтарин масъалаи ҷаҳони ислом, яъне Фаластин ва Қудс доштааст. Ибтикори ҳазрати имом Хумайнӣ ( р )-бунёнгузори Ҷумҳӯрии исломӣ дар эъломи охирин ҷумъаи ҳар моҳи муборак ба унвони рӯзи ҷаҳонии Қудс ,таҳкурсӣ ва нуқтаи тиллоии зинда нигаҳ доштани масъалаи муштараки уммати исломӣ аст .

Дар ҳамин замина Ҳайдар бин Алӣ Лилвотӣ(حیدر بن علی اللواتی)- устоди донишгоҳ дар кишвари арабии Уммон рӯзи панҷшанбе дар Твиттер навишт: Фаластин фақат ормони фаластиниён ва арабҳо нест, балки масъалаи Фаластин-ормони ҷаҳони ислом аст .

Илова бар ҳимояти сиёсӣ ва маънавӣ, ҳимояти моддӣ аз муқовимати Фаластин ба сабаби моҳияти террористии режими Исроил вазифаи ҳамагонии уммат ва кишварҳои исломӣ аст . Муқовимату тақвияти гурӯҳҳои Фаластин танҳо гузинаи роҳбурдӣ ва муассир дар баробари  режимеаст, ки ҳамвора таҳаррукоти террористиро дар даруну хориҷи сарзаминҳои ишғолӣ дар дастури кор дорад .

Шаҳиду захмӣ шудани рӯзонаи мардум, ба вижаи ҷавонони фаластинӣ ба дасти низомиёни саҳюнист ва низ тавтеъаҳои мухталифи амрикоӣ – ибрӣ-арабӣ аз ҷумла тарҳи Муомилаи қарн натавонистааст муқовимати фаластиниёнро аз байн бибарад ва ба ҳамин сабаб имрӯз Исроил бадтарин даврони мавҷудияти худро дар бахшҳои мухталиф ба вижа амниятӣ таҷриба мекунад .

Ҳамлаи мушакӣ ба наздикии таъсисоти Димона,  ҳадаф қарор гирифтани чанд маркази ҳассоси Исроил ва истодагии ҷавонони фаластинӣ дар баробари низомиёни саҳюнист дар Масҷидулақсо муъодилоти сиёсӣ-низомиро ба нафъи ҷавонони фаластинӣ тағйир дода ва дар чунин шароите ҳимояти воқеӣ ва муассир аз Фаластин вазифаи ҳамаи уммати исломӣ аст .

  Торихи беш аз 70 солаи муқовимати мардуми Фаластин аз “Интифозаи санг” то кунун  масъалаи Фаластинро зинда нигаҳ дошта ва акнун қудрати дарунии ҷиҳоди фаластинӣ садҳо баробар шудааст . Ҷавонону мардуми Фаластин замонӣ бо партоби санг аз худ дифо мекарданд, аммо имрӯз бо партоби мӯшаки нуқтазан ба душмани исроилӣ посухи қотеъу ҳадафдор медиҳанд, ки ояндаи норушанеро пеши рӯи ин режим қарор дода аст .

Бо тавваҷуҳ ба муваффақиятҳои ҷавонони фаластинӣ аз интифозаи санг то мӯшак, ки мавҷӯдияти режими террористии Исроилро ларзон карданд, ба таъбири Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ  ҳаракати рӯ ба заволи режими саҳюнистӣ оғоз шудааст ва вақфа нахоҳад дошт .

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*