?>

Даъвати фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд аз мардуми Афғонистон ба муқовимат дар баробари Толибон

Даъвати фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд аз мардуми Афғонистон ба муқовимат дар баробари Толибон

Фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистон мардуми ин кишварро ба муқовимат дар баробари Толибон даъват кард.

ABNA24 : Ба гузориши “Шафақно”, Аҳмад Масъуд, фарзанди қаҳрамони миллии Афғонистон дар мусоҳибае эълом кард, тасмим дорад ҳамчун падараш мубориза барои озодӣ алайҳи истибдод дар ин кишварро созмондеҳӣ кунад.

Масъулон дар ёддоште, ки дар маҷаллаи фаронсавии “La Règle du jeu” мунташир шуд, навишт: Ман ва ҳамразмонам ҳамроҳ бо тамоми афғонистониҳое, ки асоратро намепазиранд, хуни худро хоҳем дод. Ҳамаи озодихоҳон аз ҳар қавму қабилаеро ба пайвастан ба пойгоҳамон дар Панҷшер, охирин минтақаи озоди меҳани дар ҳоли иҳтизорамон фаро мехонам.

Аҳмади Масъуд, дар ёддошти худ ҳамчунин аз ҷомеаи байналмилалӣ хост, аз ин мубориза ҳимоят кунанд.

Чанде пеш хабаре дол бар хуруҷи Аҳмад Масъуд аз Афғонистон мунташир шуда буд. Аммо вай лаҳазоте баъд ин хабарро такзиб кард.

Панҷшер (конуни фаъолияти Аҳмад Масъуд) ҳанӯз ба контроли нерӯҳои Толибон дарнаёмада ва гуфта мешавад, ки ин минтақа ба конуни муқовимату набард алайҳи Толибон табдил хоҳад шуд.

Толибон 15 август бидуни даргирӣ Кобулро тасхир кард ва амалан контроли Афғонистонро дар даст гирифт. Ройзаниҳо барои ташкили давлати интиқолӣ дар Афғонистон дар ҷараён аст.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*