?>

Даргирии мусаллаҳона дар Қудс ва Каронаи бохтарӣ ва шаҳодати чанд фаластинӣ

Даргирии мусаллаҳона дар Қудс ва Каронаи бохтарӣ ва шаҳодати чанд фаластинӣ

Дар даргирии мусаллаҳона дар Қудси ишғолӣ ва Каронаи бохтарӣ миёни ҷавонони фаластинӣ ва неруҳои вижаи саҳюнистӣ чанд фаластинӣ ба шаҳодат расиданд .

ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақли аз вебсайти фаластинии «Аррисола » ба нақл аз манобеи маҳаллӣ эълом кард дар даргирии мусаллаҳона миёни фаластиниҳо ва низомиёни саҳюнистӣ дар шаҳри « Байт Анон » дар шимолу ғарби Қудси ишғолӣ рӯй дод, ки бар асари он ду фаластинӣ ба шаҳодат расиданд .

Вебсайти « Араб 48 » ҳам эълом кард  дар табодули тирандозӣ дар чандин нуқта дар Каронаи бохтарӣ камаш чаҳор фаластинӣ ба шаҳодат расиданд . Ин иқдом дар ростои амалиёти боздошти густардаи фаъолони вобаста ба Ҳамос тавассути қисмҳои саҳюнистии « Ямом » ва « Дуфдуфон » анҷом шудааст .
Дар даргирии ҷавонони фаластинӣ бо низомиёни ишғолгар дар рӯстоҳои Ромуллоҳ ва Ҷинин дар Каронаи бохтарӣ  ду ҷавони фаластинӣ захмӣ шуданд .
Ин даргириҳо дар « Куфрдон », « Яъбад », « Барқин », « Алёмун » ва Ҷанин буд ва фаластиниҳои мусаллаҳ посухи тирандозии низомиёни саҳюнистиро бо тирандозии мутақобил доданд .
Вазорати беҳдошти Фаластин то ин лаҳза шаҳодати як фаластиниро таъкид ва эълом кард, Усомаи Ёсир Субҳ аз Барқин дар Ҷанин, ки ҳадафи тирандозии низомиёни саҳюнистӣ қарор гирифта буд бар асари шиддати ҷароҳот дар бемористон ба шаҳодат расид .

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*