?>

Вокуниши Русия ба таҳримҳои ҷадиди Амрико, интиқод аз таноқузи ҳарф бо амали давлати Байден

Вокуниши Русия ба таҳримҳои ҷадиди Амрико, интиқод аз таноқузи ҳарф бо амали давлати Байден

Дмитрий Песков, сухангуи Кремлин дар иртибот бо таҳримҳои ҷадиди Амрико алайҳи тарҳи интиқоли гази Русия ба Олмон мавсум ба Норд Стрим 2 гуфт: Ҳарфу амали онҳо дар иртибот бо музокирот ва рафъи ихтилофот бо ҳам мутазод аст. Онҳо дар бораи равобит ва музокироти дуҷониба дар ҳарф як чиз мегӯянд ва дар амал хилофи он рафтор мекунанд.

ABNA24 : Вазорати хазонадории Амрико рӯзи ҷумъа 21 май, се ширкат ва 13 каштии Русияро, ки дар такмили тарҳи интиқоли гази Русия ба Олмон дар чорчуби тарҳи Норд Стрим 2 мушорикат доранд, таҳрим кард.

  • Вокуниши Маскав ба таҳримҳои Амрико зидди ширкатҳои русӣ

Дар вокуниш ба ин иқдом, Маскав эълом кард, ки сохту такмили ин тарҳ бидуни дар назар гирифтани таҳримҳои Иёлоти Муттаҳида идома хоҳад ёфт.

Нуктаи ҷолиб рӯйкарди мутаноқизи давлати Байден дар ин замина аст. Вазорати хориҷаи Амрико рӯзи чаҳоршанбе дар гузорише ба Конгресс эълом кард, ки ширкати “Nord Stream 2 AG” ва раиси иҷроии он Маттиас Варниг даст ба фаъолиятҳое задаанд, ки тибқи қавонини Иёлоти Муттаҳида машмули таҳрим ҳастанд, аммо давлати Амрико бар асоси манофеи амнияти миллӣ ин таҳримҳоро рафъ мекунад.

Аз замони рӯи кор омадани Ҷо Байден ба унвони раисҷумҳури ҷадиди Амрико дар 20 январи 2021 рӯйкарди тақобулии Вашингтон дар қиболи Русия дучандон шудааст.

Ҷо Байден бо ин тарҳи 11 миллиард долларӣ мухолиф карда ва Энтони Блинкен, вазири хориҷаи ӯ дар ҷарёни баррасии салоҳияташ дар Маҷлиси Сенат гуфта буд, ки “мусаммам ҳастам ҳарчи дар тавон дорам, барои ҷилавгирӣ аз такмили Норд Стрим 2 анҷоми диҳам”.

Алексей Пушков, узви Шӯрои Федератсияи Русия бо ишора ба таҳрими ҷадиди Амрико алайҳи ширкатҳо ва киштиҳои машғул дар тарҳи гази Норд Стрим 2 мегӯяд: Ин иқдомоти Вашингтон имтинои Иёлоти Муттаҳида аз гуфтугуи созанда бо Маскавро нишон медиҳад.

Давлати Ҷо Байден низ мухолифи итмом ва амалиётӣ шудани Норд Стрим 2 ба баҳонаи тасаллути ҳарчи бештари Русия бар бозори гази Аврупо ва муғойирати он бо манофеи кишварҳои аврупоӣ монанди Украина ва Полша аст.

Маҳмуди Фозилӣ, коршиноси Аврупо мегӯяд: Амрико бар ин бовар аст, ки қудрати нуфузи Русия дар Аврупо бо роҳандозии хатти лулаи Норд Стрим 2 чандин баробар мешавад ва вобастагии шадиди кишварҳои аврупоӣ ба гази арзони Русияро дар пай хоҳад дошт.

Акнун давлати Байден бо эъмоли таҳримҳои ҷадид алайҳи ширкатҳо ва каштиҳои Русия қасд дорад, монеъ аз тадовуми амалиёти сохти ин хатти лула шавад дар ҳоле, ки токунун ҳудуди 95 дарсади ин хатти лула такмил шудааст.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*