?>

Бонки ҷаҳонӣ коҳиши рушди иқтисоди Тоҷикистонро барои соли 2022 пешбинӣ кард

Бонки ҷаҳонӣ коҳиши рушди иқтисоди Тоҷикистонро барои соли 2022 пешбинӣ кард

Бонки ҷаҳонӣ барои кишварҳои Осиёи марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон коҳиши рушди иқтисодӣ дар соли 2022-ро пешбинӣ кард .

ABNA24 – Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвек, дар тозатарин гузориши Бонки ҷаҳонӣ таъкид шудааст, ки дар соли ҷадиди 2022 рушди иқтисодии кишварҳои Осиёи марказӣ 3 дарсад хоҳад буд, ки дар Тоҷикистон ин нишондод панҷу ним дарсад хоҳад буд .

Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ далел кунд шудани рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2022-ро идомаи густариши бемории Ковид19, афзоиши қимати сӯхт ва ташаннуҷ дар марзи муштараки ин кишвар бо Қирғизистон унвон мекунанд, ки бозори молии минтақаро низ таҳти таъсир қарор хоҳад дод .
Ин дар ҳоле аст, ки дар соли 2021 ҳукумати Тоҷикистон мизони рушди иқтисоди ин кишварро 7.6 дарсад пешбинӣ карда буд . Аммо коршиносони Бонки ҷаҳонӣ рушди 3.5 дарсадӣ дар соли гузаштаи 2021 барои иқтисоди Тоҷикистонро пешбинӣ карда буданд .

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*