?>

Бозтоби маросими гиромидошти солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эрон дар расонаҳои Сербия

Хабаргузории Сербия бо интишори гузорише навишт: Имрӯз мардуми Эрон дар шаҳрҳои мухталиф ба муносибати чиҳилусеюмин солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ бо мошин ва мототсикл роҳпаймоӣ карданд.


ABNA24 – Ин манбаъ гузориш дод, роҳпаймоиҳо дар Теҳрон аз чанд нуқта ба самти майдони Озодии ин шаҳр оғоз шуд ва бо суханронии Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба поён расид.

Бар асоси ин гузориш, мардум дар хиёбонҳои Теҳрон бо сар додани шиорҳо ва дар даст доштани парчамҳои Эрон ва постерҳое бо мазмунҳои “марг бар Амрико ва марг бар Исроил” дар маросими гиромидошти солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эрон ширкат карданд.

Хабаргузории Тонюги Сербия низ ба муносибати солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эрон мусоҳибаеро бо Рашиди Ҳасанпур, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Белград анҷом дод.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*