?>

Боздошти ҷавонони баҳрайнӣ аз сӯи режими Оли Халифа

Боздошти ҷавонони баҳрайнӣ аз сӯи режими Оли Халифа

Маъмурони режими Оли Халифа дар остонаи солрӯзи созиши ин режим бо Тел-Авив, боздошти ҷавонони баҳрайниро аз сар гирифтаанд.

ABNA24 : Ба гузориши пойгоҳи хабарии Эътилофи 14 феврали Баҳрайн, ду тан аз боздоштиҳои собиқи шаҳраки Бур ба дасти маъмурони Оли Халифа рабуда шудаанд.

Бар асоси ин гузориш, ҷавонони рабудашуда рӯзҳову ҳафтаҳо дар маърази шадидтарин шиканҷаҳо қарор гирифтаанд, ба хусус, ки подшоҳи Баҳрайн бо судури фармоне ба Созмони иттилооти миллии ин кишвар ихтиёри мустақими боздошту бозҷӯии бидуни тафҳими иттиҳом додааст.

Низомиёни Оли Халифа ҳамчунин саҳаргоҳи рӯзи душанбе ба шаҳракҳои Самоҳиҷ ва Алдайр ҳамла карда ва чанд ҷавон ва як кӯдакро боздошт карданд.

Вазирони хориҷаи Баҳрайн ва Иморот 15 сентябри 2020 дар Кохи Сафед тавофуқи оддисозии равобит бо режими саҳюнистиро бо ҳузури Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири собиқи ин режим ва Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии собиқи Амрико имзо карданд.

Мардуми вафодор ба ормони Фаластин дар Баҳрайн ин иқдоми режими Оли Халифаро хиёнат тавсиф кардаву хостори лағви қарордоди созиш бо саҳюнистҳо шудаанд.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*