?>

Амрико: Омодаи идомаи музокирот бо Русия ҳастем

Амрико: Омодаи идомаи музокирот бо Русия ҳастем

Сухангӯи вазорати умури хориҷа Амрико гуфт, омодаи идомаи музокирот бо Русия дар бораи масоили дуҷониба дар наздиктарин замони мумкин ҳастем.

ABNA24 – Ба гузориши шабакаи телевизионии Алҷазира, Ned Price дар нишасти хабарӣ дар Вашингтон изҳор кард: Амрико интизор надорад даври нахусти музокирот бо Русия ба пешрафти малмӯс мунҷар шавад ва бояд барои пешрафт дар масоили печида, ба дипломасӣ ва музокира фурсати кофӣ дошт. Шафофияту эътимодсозӣ бо Русия ҳоиз аҳаммият аст то тарафайн битавонанд ба якдигар итминон кунанд.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико афзуд: Вашингтон хоҳони бозгашти низомиёни рус ба маконҳо аст то шоҳиди ҳузури 100 ҳазор нафарии онҳо дар марз бо Украина набошад.

Вай ҳамчунин Русияро ба муҷозот ва таҳрим дар сӯрати ҳамла ба Украина таҳдид кард.

Дар ҳамин ҳол музокироти Русия ва Амрико дар байни танишҳои фазоянда миёни ду кишвар бар сари Украина, дар Женева баргузор шуд.

Вазорати умури хориҷаи Русия моҳи гузашта, феҳристе аз хостаҳои худ барои Амрико ва НАТО-ро пеш аз музокирот ироа кард. Русия аз Амрико ва НАТО хостааст, ки Украинаро ба узвияти НАТО дарнаёваранд ва сатҳи неруҳои низомӣ дар шарқи Аврупоро коҳиш диҳанд.

Маскав ҳамчунин аз Амрико хостааст, ки ҳеҷ пойгоҳи низомӣ дар кишварҳое, ки аъзои собиқи Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ буда ва бахше аз НАТО нестанд, эҳдос накунад.

Амрико бо ҳеҷ кадом аз ин дархостҳо мувофиқат накардааст.

Бо ин вуҷӯд, мақомоти амрикоӣ мегӯянд, ки давлати Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико моил аст дар бораи бархе аз нигарониҳои матраҳ шуда аз сӯи Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия гуфтугӯ кунад.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*