?>

Амрико ба иттиҳоми нақзи таҳрим, молики нафткаши сингапурӣ шуд

Амрико ба иттиҳоми нақзи таҳрим, молики нафткаши сингапурӣ шуд

Вазорати додгустарии Амрико бо судури баёния эълом кард, Вашингтон моликияти як нафткаши сингапуриро, ки ба иттиҳоми нақзи таҳримҳои эъмолшуда алайҳи Кореяи Шимолӣ тавқиф шуда буд, дар ихтиёр гирифт.

ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳамзамон бо тадовуми танишҳо дар шибҳҷазираи корея фишорҳои Амрико алайҳи Кореяи Шимолӣ ин бори худро ба шакли тавқиф ва салби моликияти нафткаши M/T Courageous-и Сингапур ба иттиҳоми нақзи таҳримҳо нишон додааст.

Пештар як қозии федерал дар Ню-Йорк бо судури ҳукме ба Амрико иҷоза дод, моликияти ин нафткашро салб кунад ва худаш моликияти нафткашро дар ихтиёр бигирад.

Ин нафткаш зарфияти ҳамли ду ҳазору 734 тоннаро дорад.

Бино бар иддаои Вазорати додгустарии Амрико, ин нафткаш дар бандари Нампои Кореяи Шимолӣ мустақиман маҳсулот ва фаровардаҳои нафтиро дар ихтиёри каштиҳои ин кишвар қарор медод.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*