?>

Амирабдуллоҳиён: Сиёсати қатъии давлати Эрон гиреҳ назадани иқтисоди дохилӣ ба БарҶом аст

Амирабдуллоҳиён: Сиёсати қатъии давлати Эрон гиреҳ назадани иқтисоди дохилӣ ба БарҶом аст

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: Сиёсати қатъии давлати ҷадиди Эрон гиреҳ назадани иқтисоди дохилӣ ба БарҶом аст.

ABNA24 : Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи сешанбе дар ҳошияи ҳафтодушашумин иҷлоси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк дар дидори Ҳайку Маас, вазири умури хориҷаи Олмон бо ишора ба ин ки сиёсати қатъии давлати Эрони ҷадид гиреҳ назадани иқтисоди дохилӣ ба БарҶом аст, омодагии Теҳрон барои тарроҳии равобити мустақил аз БарҶомро эълом кард.

Вазири умури хориҷаи Эрон афзуд: Амрико бояд бидонад, ҳамаи бидеҳу бистонҳо як бор дар музокироти БарҶом анҷом шуд ва аз ин рӯ музокироти Вена на барои тавофуқе ҷадид, балки барои итминон аз бозгашти комил ва тазминшудаи Амрико ба тааҳҳудоташ нисбат ба БарҶом ва Қатъномаи 2231 аст.

Амирабдуллоҳиён зимни таъкид бар аҳамияту зарурати натиҷамеҳвар будани музокироти Вена гуфт: Интизори барҳаққи миллати Эрон он аст, ки мазоёи иқтисодии БарҶом, ки ба далели бадаҳдии тарафҳои муқобил то кунун муҳаққақ нашудааст, ин бор тазмин шавад.

Вазири хориҷаи Эрон ёдовар шуд: Муттаассифона, он чӣ дар сиёсатҳои давлати феълии Амрико мебинем, идомаи раванду рӯйкарди давлати Трамп дар эъмоли таҳримҳои ғайриқонунӣ аст.

Амирабдуллоҳиён дар идома бо таъкид бар ин ки давлати Эрон вазифае қатъӣ дар иҷрои бекамукости мусаввабаи маҷлис дорад, баҳонаҳои мухталифи Аврупо барои амал накардан ба тааҳҳудоти худро ғайриқобили қабул хонд ва изофа кард: Тарафи муқобил бояд бо инъитофи лозиму дарки шароити ҷадиди ношӣ аз шурӯи кори давлати сенздаҳум ба Вена биёяд.

Вазири хориҷаи Эрон таъкид кард, ки равобити иқтисодиву тиҷории ду кишвари Эрон ва Олмон ба ҳеҷ ваҷҳ розикунанда нест ва зарурӣ аст барои беҳбуди ин вазъият чораандешӣ шавад.

Вазири хориҷаи Олмон низ дар ин дидор гуфт, ки Олмон мутааҳҳид ба БарҶом будаву тамоми талошҳои худро барои ҳифзу эҳёи он анҷом медиҳад.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*